Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Фаронса Франсуа Жерар Жорж Олланд барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:
«Ҷаноби Олӣ,
Хабари даҳшатангези ҳамлаи ғаддоронаи террористӣ дар шаҳри Нитсаи Ҷумҳурии Франсия ба гашту гузори идонаи оммавии мардуми осоишта, ки мӯҷиби ҳалокат ва осеб дидани теъдоди зиёди шаҳрвандони кишвару сайёҳон гардид, моро бениҳоят андӯҳгин намуд.
Ин ҳодисаи нафратангези ғайриинсонӣ, боз як намунаи аъмоли зишти неруҳои аҳриманист, ки муборизаи беамон бо онҳо вазифаи ҳар як фарди огоҳ аст. Ба ин манзур Тоҷикистон чун пештара омода аст, дар якҷоягӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, минҷумла бо кишвари дӯсти Шумо муборизаи қотеъонаро алайҳи ҳамагуна зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ тақвияти дучанд бахшад.
Бо изҳори таъзия ва тасаллият ба тамоми мардуми дӯсти Франсия, аз ҷаноби Президент хоҳишмандам, ки эҳсоси ҳамдардии амиқи моро ба наздикони қурбоншудагон бирасонанд. Ба маҷрӯҳшудагон шифои комилро орзумандем».