ТВТ. 07.06.2022. Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таҳти унвони «Пешбурди амал ва шарикӣ дар соҳаи захираҳои об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» ба кори худ оғоз бахшид.
Барои инъикоси кори ин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд зиёда аз 500 нафар намояндагони ВАО-и маҳалӣ ва хориҷӣ сабти ном шудаанд.
Барои иштирок дар ин чорабинии сатҳи баланд 2 ҳазору 200 нафар аз 178 кишвари ҷаҳон ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд.
Барои инъикоси чорабинии мазкур, сари вақт дастрас намудани маълумоти кофӣ аз ҷараёни баргузории он ва таҳияи мақолаю гузоришҳо дар маркази матбуот барои рўзноманигорони дохиливу хориҷӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Дар толори маркази матбуоти Кохи Сомон беш аз 100 компютери пайваст ба интернети баландсуръат, нуқтаҳои пайвастшавӣ ба Вай Фай инчунин компютер барои танзими гузоришу барномаҳо мавҷуд буданд, ки хабарнигорони маҳаллӣ ва хориҷӣ имкони хуби инъикоси саривақтии ин чорабиниро доштанд.
Рафти конфронс бо се забон тарҷума гардида, тавассути мониторҳои калон дар толорҳои алоҳида, инчунин дар маркази матуботӣ намоиш дода мешуд, ки ин омил барои хабарнигорон ҷиҳати гирифтани маълумоти саривақтӣ хеле ҳам муҳим аст.
Телефон, факс, дастгоҳҳои чопкунанда ва дигар имкониятҳои техникӣ низ дар маркази матбуотӣ фароҳам буд, ва хабарнигорон аз он ба таври кофӣ истифода менамуданд.
Муаллиф: Зоҳир Олимӣ