ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. 4-5 октябр дар ноҳияи Данғара Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини ҷудо баргузор мешавад

4-5 октябр дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Мусобиқаи 10-уми байналмилалӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Мусобиқа аз рӯи 7 категорияи вазнӣ байни мардон: 60 кг, 66 кг, 73 кг, 81кг, 90 кг, 100 кг, +100кг ва 3 вазн байни занон: 52 кг, 57кг ва -63 кг доир мегардад. Барои иштирок дар мусобиқа варзишгарон аз давлатҳои хориҷӣ даъват шудаанд. Ғолибон бо медалу ҷоизаҳои пулӣ: ҷои якум -27 ҳазору 500 сомонӣ, ҷои дуюм- 16 ҳазору 500 сомонӣ ва ду ҷои сеюм бо 11 ҳазор 000 сомонӣ қадрдонӣ мешаванд.

Ёдовар мешавад, ки 19-20 сентябри соли 2022 дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд​ Мусобиқаи 9-уми байналмилалӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон дар сатҳи баланд баргузор гардида буд. Дар рӯзи охири Мусобиқаи 9-уми байналмилалии Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо дар шаҳри Хуҷанд рақобатҳо аз рӯи 3 вазн ( -90 кг, -100 кг ва +100 кг) доир шуданд.

Мавриди тазаккур аст, ки мусобиқа барои Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо аз соли 2013 доир мешавад.

Tags: