Шоми имрӯз, 23 август соати 18:00 дар Қасри тенниси тобистона, воқеъ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон ва ҷавонон барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз мегардад.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар мусобиқаи мазкур иштироки варзишгарон аз кишварҳои Америка, Афғонистон, Покистон, Бангладеш, Қазоқистон, Россия, Ӯзбекистон ва Украина дар назар дошта шудааст.
Ба иттилои манбаъ, мусобиқа аз 23 то 27 августи соли равон доир мегардад. Дар мусобиқаи мазкур барои ғолибони ҷои аввал ба духтарон ва писарон 10 000 сомонӣ, ҷои дуюм 8 000 сомонӣ ва ҷои сеюм 5 000 сомонӣ мукофот пешбинӣ шудааст.
Мавриди зикр аст, ки cоли нӯҳум аст дар замони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Душанбе бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки варзишгарон аз давлатҳои хориҷӣ баргузор мегардад.
Баргузории ин чорабинии муҳим инъикоскунандаи рамзи муттаҳидӣ, ягонагӣ ва дӯстӣ миёни мардумон мебошад.
АМИТ «Ховар»