Чин барои пешгирии ҳолатҳои фавқулода ба Тоҷикистон техникаҳои махсус ҷудо намуд

Имрӯз Ҷумҳурии  Мардумии Чин  шарики стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, таҳким ва густариши робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистон бо давлати  Чин яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад. Ин нукта имрӯз, 23 июл  дар маросими супоридани воситаҳои техникӣ ва таҷҳизоти махсус барои корҳои ҷустуҷӯиву наҷот ба Кумитаи ҳолатҳои  фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, зикр шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Кумитаи ҳолоатҳои фавқулода хабар медиҳад, дар маросим муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтоир Зокирзода,  Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Рустам Назарзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин Лю Бин ва дигарон иштирок намуданд.

Зикр шуд, ки ҳарду мамлакати ҳамҷавор дар минтақаи Осиё  дар соҳаҳои сиёсат, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, амният, пешгирии ҳолатҳои фавқулода, кишоварзӣ,  коммуникатсия, илму маориф ва фарҳанг ҳамкории худро беш аз пеш тақвият мебахшанд.

«Ин аст, ки дар доираи ҳамкории судманд ва дуҷониба имрӯз ба ҷузъу томҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода 127 номгӯй воситаҳои техникӣ ва таҷҳизоти махсус барои корҳои ҷустуҷӯиву наҷот супорида шуд», — афзуд манбаъ.

Мавриди зикр аст, ки робитаҳои судманд ва бисёрҷонибаи ду мамлакат 15-16 июни соли равон зимни сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мулоқоти ӯ бо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

«Мо аз вазъи ҳамкорӣ дар арсаи рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода қаноатманд мебошем. Дар  робита ба ин, мо ба ҷониби Чин барои кумаки техникӣ ба хотири таҳкими пояи моддиву техникии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон арси сипос менамоем», — гуфта буданд Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар изҳороти матбуотӣ аз рӯи натиҷаҳои сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бояд гуфт, ки таҷҳизот ва техникаи мазкур дар асоси Аҳднома оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва техникии ду мамлакат, Номаҳои мубодилавӣ оид ба ёрии техникӣ байни ҳукуматҳои Чин ва Тоҷикистон ва Санад дар бораи пешкаши воситаҳои техикӣ ва таҷҳизот барои ҷузъу томҳои Кумитаи ҳолатҳои фавҷулода супорида шуданд.

Ба иттилои манбаъ, мошинҳо барои сари вақт ба макони ҳолатҳои фавқулодаи техногенӣ ва табиӣ интиқол додани гурӯҳҳои наҷотбахшон ва таҷҳизоти махсус бо ҳадафи гузарондани корҳои садамавиву наҷот ва дигар амалҳои оҷилӣ, инчунин барои ба даст овардани иттилооти саривақтӣ ва дақиқ дар бораи ҳолати системаи табиӣ-саноатӣ, хосса дар мавзеъҳои кӯҳӣ ва пешгӯӣ ба хотири тасмимҳои саривақтии марбут ба пешгирӣ аз оқибатҳои имконпазири ҳолатҳои фавқулодаи гуногун пешбинӣ шудаанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: