Барномаи нави «Футбол ба назди Шумо меояд» шурӯъ шуд

Барномаи нави «Футбол ба назди Шумо меояд», ки бо ташаббуси ФФТ бори чорум гузаронида мешавад, оғоз гардид. Дар он дастаҳои футболи кӯчаву маҳаллаҳо иштирок мекунанд. Мақсади асосии барнома иштироки бештари кӯдакону наврасон ба бозии футбол мебошад.
Увайдо Давлатбеков, сардори шуъбаи футболи кӯдакону наврасони департаменти техникии ФФТ иттилоъ дод, ки дастаҳо аз 36 маҳаллаи шаҳр бо шумори 155 даста дар қувваозмоиҳо иштирок мекунанд. 20 дастаи беҳтарин ба бозиҳои ниҳоӣ роҳхат мегиранд.

Аз соли 2015 сар карда, ғолиби барномаи «Футбол ба назди шумо меояд» тибқи ҳамкории ФФТ ва Иттиҳоди футболи Россия дар мусобиқаи байналмилалии «Тӯби чармин» иштирок мекунад.
Барномаи «Футбол ба назди шумо меояд» аз ҷониби «Peace and Sport» -и шоҳигарии Монако соҳиби ҷоиза гардидааст.

АМИТ «Ховар»

Tags: