Ҷавонон дар бартараф намудани ақидаҳои дорои характери террористӣ ва ифротгароӣ саҳмгузоранд

Дирӯз дар толори «Кохи Ватан»-и шаҳри Қӯрғонтеппа бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҳамбастагӣ бо ШВКД дар шаҳри мазкур ва Донишгоҳи давлатии шаҳри Қурғонтеппа ба номи Носири Хусрав, конфронси илмӣ- амалӣ дар мавзӯи «Нақши ҷавонон дар бартараф намудани ақидаҳои дорои характери террористӣ ва ифродгароӣ» баргузор гардид.
Тавре масъулин иттилоъ доданд, дар конфронс роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Қурғонтеппа Назир Азимзода, сардори ШВКД дар шаҳри мазкур Нуралӣ Раҷабзода, ректори Донишгоҳи давлатии шаҳри Қурғонтеппа ба номи Носири Хусрав Шодиёни Муҳаммадзода, муовини сардори Раёсати ҳамкории байналмилалии Вазорати корҳои дохилӣ Мансур Бухоризода, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҷавонон ва рӯҳониёни шинохта иштирок намуданд.
Мақсади конфронс аз рафъи омилҳои номатлуб дар ҷомеа, баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва ватандӯстӣ, ташкил намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташвиқу тарғиб миёни ҷавонон иборат буд.
Зикр гардид, ки чунин конфронсҳо метавонанд барои пешгирии зуҳуроти номатлуб миёни ҷавонон ва аҳли ҷамоат мусоидат кунанд.

Tags: