То 18 августи соли равон кишоварзони ҷумҳурӣ 115 ҳазору 393 тонна мева ҷамъоварӣ намуданд. Ҳосили ҷамъоваригардидаи мева нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 90 ҳазору 350 тонна зиёд мебошад.
Ҳамчунин, дар ҷумҳурӣ ҷамъоварии ҳосили ангур бо маром идома дошта ҳоло, кишоварзон 6233 тонна ангур ҷамъоварӣ намудаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2025 тонна зиёд мебошад.
То имрӯз ҷамъоварии мева дар вилояти Хатлон 26 ҳазору 622 тонна, вилояти Суғд 85 060 тонна, ВМКБ 317 тонна ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 3394 тоннаро ташкил медиҳад.
Ҷамъоварии ангур дар ноҳияи Турсунзода хуб ба роҳ монда шуда, кишоварзони ноҳия то имрӯз ба миқдори 683 тонна ангур ҷамъоварӣ намудаанд, ки ин нишондоди беҳтарин дар байни истеҳсолкунандагони ангур мебошад.