Ҷамолиддин Абдуллозода бо фаъолияти беморхонаҳои марказии шаҳрҳои Бохтар ва Леваканд шинос гардид

12 ноябр  Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо фаъолияти беморхонаҳои марказии шаҳрҳои Бохтар ва Леваканд шинос гардид.

Тавре  аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни боздид Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат бо масъулини раёсати тандурустии вилояти Хатлон ва роҳбарони беморхонаҳои мазкур масъалаҳои омодагии муассисаҳои тандурустӣ ба фасли зимистонро баррасӣ намуд.

Инчунин номбурда доир ба назорати вазъи санитарию эпидемиологӣ, хусусан риояи қоидаҳои пешгирии бемории COVID-19 дар муассисаҳои тандурустӣ, пурзӯр намудани гаштҳои хонагӣ, тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ, баланд  бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва дигар масъалаҳои ба инҳо алоқаманд ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Бо мақсади аз наздик шинос шудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ ва омодагии онҳо ба давраи зимистон, таҳлили вазъи санитарию эпидемиологӣ, махсусан пешгирӣ ва табобати бемории COVID-19 боздиди роҳбарони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  муассисаҳои тиббии  шаҳру ноҳияҳои мамлакат идома дорад.

АМИТ «Ховар»

Tags: 

Маводҳои ҳамсон