Ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамбасти фаъолияти 9 моҳа баргузор гардид

14 октябри соли 2021 дар маҷлисгоҳи Академияи ВАО-и Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамбасти фаъолияти 9 моҳа баргузор шуд.

Дар ҷаласа як масъала – фаъолияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он дар 9 моҳи соли 2021 ва вазифаҳо барои семоҳаи охири соли равон баррасӣ гардид.

Нахуст тибқи рӯзномаи ҷаласа ҳисоботҳои муовини якум ва муовинони раиси кумита вобаста ба самтҳои телевизион, радио, дастаҳои ҳунарӣ ва масъалаҳои техникӣ, аз ҷумла вазъи феълии таҳияи барномаву гуфторҳои телевизионию радиоӣ, сатҳу сифати корҳои эҷодӣ, инчунин такмили базаи моддию техникии радиову телевизионҳо, беҳдошти инфрасохтори қабулу пахши мавҷҳои радиотелевизионӣ ва ғайра шунида шуд.

Сипас Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид доир ба натиҷаҳои фаъолияти 9 моҳаи сохторҳо маърӯза кард. Зимни суханронӣ Нуриддин Саид изҳор дошт, ки Кумита ва сохторҳои он дар доираи самтҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 26.01.2021), эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, солҳои 2020-2040, Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, омодагиҳо ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», «Илм-фурўғи маърифат», фестивали «Атлас ва адраси тоҷик», фестивали «Сад ранги чакан» ва ҳунарҳои мардумӣ, татбиқи барномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор», таҷлили ҷашни Сада, сазовору хотирмон ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, Наврўзи ҳуҷастапай, истиқболи ҷашни 20-солагии Созмони ҳамкории Шанхай дар мавзўҳои таърих ва нақши Пешвои миллат дар таъсиси Созмон, ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои аъзои СҲШ ва СААД, ки дар Душанбе баргузор гардид, инчунин аз ифтитоҳи расмии маросими «Душанбе - пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021», Нуҳумин конфронси вазирони «Қалби Осиё-Раванди Истамбул», тақдими шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби «Тоҷикон» ба сокинони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, оид ба иҷрои Нақшаи Қарори ҲҶТ аз 31-уми марти соли 2020, №199 бобати рафти омодагии субектҳои хоҷагидор ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022, ҳамчунин оид ба истифодаи сарфакоронаи нерўи барқ, рафти маъракаи ниҳолшинонию кабудизорнамоӣ, пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил интихоб шудани шаҳри Душанбе аз ҷониби Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ дар соли 2021, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати мамлакат, рушди соҳаи кишоварзӣ, пешгирӣ аз зуҳуроти номатлуб, аз қабили гаравидан ба равияҳои гуногуни ифротӣ, вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрўза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир барномаҳои телевизионӣ, гуфторҳои радиоӣ, филмҳои мустанад ва ролику лавҳаҳо таҳия ва пешниҳоди бинандагону шунавандагон гардониданд.

Раиси Кумита афзуд, ки дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат зимни сафарҳои кории ба шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бўстон, Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Гулистон, Истаравшани вилояти Суғд, Бохтар, Данғара, Кўлоб, Кўшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Ёвон, Айни, Шаҳристон, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Бўстон, Сангвор, Рашт, Тоҷикобод, Лахш, Нуробод, Балҷувон, Темурмалик, ВМБК, Суғд хабару гузориш, шарҳу тафсир, ролику лавҳаҳо, барнома ва филмҳои гуногуни ҳуҷҷатӣ омода ва пахш намуд.

“Бо мақсади риояи меъёр ва талаботи забони давлатӣ ва баланд бардоштани сатҳи донишу маҳорати кормандон, хусусан наттоқони шабакаҳои телевизион ва радио, - таъкид дошт Саид Нуриддин Саид, - Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” вазифадор гардидааст, ки бо ҷалби мутахассисони соҳа барои наттоқон ва рўзноманигорони ҳамаи шабакаҳо мунтазам дар доираи талабот машғулиятҳои омўзишӣ баргузор намояд”.

Дар рафти ҷаласа, инчунин ба масъалаҳои мубрами марбут ба фаъолияти касбии кормандони эҷодӣ ва техникӣ, ҷараёни иҷрои барномаҳои давлатии соҳавӣ, беҳдошти ҳолати техникии ниҳодҳо ва вазъи иҷтимоии кормандон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар интиҳо аз ҷониби роҳбарияти Кумита ҷиҳати беҳдошти фаъолият, хосатан, баланд бардоштани сатҳу сифати барномаву гуфторҳо, таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои рангину ҷолиби телевизонию радиоӣ, аз қабили барномаҳои мустақими иртиботӣ, тақвияти корҳо бобати тарғибу ташвиқи эҳсоси худшиносию ватанпарастӣ миёни насли наврас, пешгирии паҳншавии ғояҳои ифротгароию экстремистӣ дар ҷомеа ба масъулин дастурҳо дода шуд.

Tags: