ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Соҳибкорони Истаравшан дар бунёди иншооти иҷтимоӣ саҳм мегузоранд

Соҳибкорони истаравшанӣ омодаанд, ки аз ҳисоби пасандозҳои худ дар диёре, ки ба воя расидаанд, якчанд иншооти иҷтимоӣ сохта, дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони деҳаҳои шаҳри Истаравшан туҳфа намонд. Ин матлабро  соҳибкорони шаҳри Истаравшан, ки дар шаҳрҳои Екатеринбург ва Красноярски Федератсияи Россия фаъолият доранд, дар мулоқот бо иҷрокунандаи Раиси шаҳри Истаравшан Амирхон Қурбонзода изҳор доштанд.

Тавре роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Истаравшан Акбар МАЪРУФОВ дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ иброз дошт, мақсади вохӯрӣ амалӣ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар барои солҳои 2015-2020», инкишоф додани робитаҳо бо ҷамъиятҳои тоҷикон ва муҳоҷирони меҳнатӣ бо мақсади ҷалб намудани онҳо барои мусоидат намудан ба рушди устувори иқтисодию иҷтимоии шаҳр мебошад.

Зимни вохӯриҳо оид ба муҳтавои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сазовор истиқбол намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ибрози андеша карда шуд. Зикр гардид, ки бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан баҳри ободу зебо гардидани шаҳр 450 адад иншоот ба нақша гирифта шудаанд, ки соли равон аз ҷониби соҳибкорон, саховатмандон ва аҳли ҷамоат 152 иншооти гуногун ба истифода дода шуданд.

Соҳибкорони маҳаллӣ ва бурунмарзии зодаи шаҳри Истаравшан  ҳама ташаббусу иқдомоти созандаи Пешвои миллатро дастгирӣ намуда, зикр карданд, ки «бунёди иншооти иҷтимоию истеҳсолиро дар деҳаҳои дурдасти диёр ҳаматарафа ҷонибдорӣ намуда, дар бунёди онҳо кумаку мусоидат менамоем».

Аз ҷумла, соҳибкорони Ҷамоати деҳоти Гули сурх омодагии худро барои бунёди  як бунгоҳи тиббӣ бо таҷҳизот ва майдончаи варзишӣ дар деҳаҳои Боғи калон ва Сари мазор иброз намуданд.

Инчунин соҳибкор Хайём Ҷамолов, истиқоматкунандаи Ҷамоати деҳоти Гули сурх, деҳаи Боғи Калон иқдом гирифт, ки бо мақсади ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди хизматрасонӣ дар шаҳраки навбунёди «Баҳористон» маҷмааи савдо ва хизматрасонӣ бо маркази фароғатиро ба истифода диҳад.

Соҳибкорони Ҷамоати деҳоти Қалъачаи калон тасмим гирифтанд, ки бо мақсади ривоҷ додани ҳунарҳои мардумӣ ва бо ҷои кори доимӣ таъмин намудани 40 нафар бонувону занони хонашин коргоҳи дӯзандагӣ бунёд намоянд.

АМИТ «Ховар»

Tags: