Дар ноҳияи Ванҷ ду корхонаи оҳангарӣ бунёд мегардад

Дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ соли 2019 дар ноҳия ду корхонаи оҳангарӣ бунёд мегардад. Санъати аз ҳама маъмул ва ривоҷёфта дар ин мавзеъ оҳангарист, ки аз замонҳои қадим чун мероси гаронмояи авлодӣ идома меёбад. Аз қадим мардуми Ванҷ бо усули хос оҳанро гудохта, аз он ҳама гуна олоти рӯзгор месохтанд.

Маҳсули дасти оҳангарони Ванҷро  ба Хоруғ, Рӯшон, Язгулом, Дарвоз ва Бадахшони Афғонистон  мебурданд. Нақбҳои истеҳсоли оҳан дар деҳаҳои Техарв ва Чихоху Потов ҳанӯз ҳам барҷоянд.
Ванҷ дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ягона ноҳияе мебошад, ки  коркарди оҳанро дар устохонаҳо  ба кор мебаранд. Устоҳои номӣ  ба дастпарварони худ тамоми санъати оҳангариро меомӯзонанд, то ин касби пурифтихор аз насл ба насл идома ёфта, мояи сарбаландӣ ва ифтихори аҷдодон бошад.

Устои номии Ванҷ — усто Қурбон дар санъати обдиҳии оҳан ва коркарди он  чунон маҳорати баланд дошт, ки аррадосу табар, новаку каланд, наъли аспашро харидорон ба дигар ноҳияҳо мебурданд. Ӯ усули обдиҳии оҳанро ба таври хоса ба иҷро мерасонд, ки дар мустаҳкамӣ ҳамто надошт.

Соли 2018 зимни сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Сарвари давлат аз ноҳияи Ванҷ низ боздид ба амал оварда, бо намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, ки ба ин муносибат ба маъраз гузошта шуда буданд, шинос гардиданд. Президенти мамлакат  ба ҳунари табақтарошон баҳои баланд дода, барои ривоҷи ин ҳунари аҷдодӣ, ки мояи ифтихори ҳунармандон маҳсуб меёбад, дастурҳои мушаххас доданд.

Дар  асоси дастури Пешвои миллат дар ноҳия корхонаҳои нав  ба фаъолият оғоз карда, маҳсулоти худро пешкаши  мизоҷон намуданд. Имрӯз табақҳои устоҳои чирадаст ородиҳандаи  хони мардуманд.
Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019-2021 барои инкишофи ҳунарҳои анъанавӣ дар деҳот заминаи боэътимод гардид. Дар ноҳияи Ванҷ дар ин ҷода корҳои зиёде ба анҷом расида,  корхонаҳои ҳунарӣ, ки солҳо боз истифода намешуданд, фаъол шуда, занҳои хонашин ба кор ҷалб гардидаанд.

Дар ноҳия санъати бофандагӣ, гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ, ресандагӣ, тоқидӯзӣ, гулзаниву  сабадбофӣ, оҳангарӣ, кандакорӣ, гаҳворасозию табақтарошӣ ривоҷ ёфтааст.
Санъати табақтарошӣ яке аз маъмултарин ҳунарҳо буда, дастранҷи устоҳо ҳамеша серхаридор аст. Ин ҳунар бештар дар маҳали Ванҷи Боло, ки дарахтони барои коркарди табақ зиёд дорад, роиҷ аст. Дар деҳоти Рованд  қариб дар ҳама деҳаҳо корхонаҳои табақтарошии обӣ  мавриди амал қарор дошта, барои мизоҷон  дилхоҳ  табақро омодаву дастрас менамоянд.

Бояд гуфт, ки дар партави ҳидоятҳои Президенти мамлакат  анъанаҳои миллӣ аз нав эҳё гардида, рушд менамоянд. Ин падидаи нек  дар оянда баҳри ҷалби бештари сайёҳон  шароити мусоид фароҳам меоварад.

АМИТ «Ховар»

Tags: