БОЗИҲОИ ОСИЁ-2018: дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба дзюдо дар онҳо ширкат меварзад

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба дзюдо дар ҳайати 8 нафар (7 мард, 1 зан) дар Бозиҳои Осиё — 2018, ки аз 18 август то 2 сентябри соли равон дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия баргузор мегардад, ширкат менамояд.

Тавре  аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иттилоъ  доданд, мусобиқа оид ба дзюдо  29-31 август дар шаҳри Ҷакарта аз рӯи 7 категорияи вазнӣ миёни мардон ва 7 категорияи вазнӣ миёни занон баргузор мешавад. Варзишгарони мо дар 7 вазн миёни мардон ва 1 вазн миёни бонувон ширкат меварзанд.

Дар  ин  мусобиқа варзишгарон  Суҳроб Боқиев дар вазни 60 кг, Ёқубҷон Боқиев дар вазни 66 кг, Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни 73кг, Акмал Муродов дар  вазни 81 кг,  Комроншоҳ Устопириён  дар  вазни 90  кг, Саидҷалол Саидов дар вазни 100 кг, Шакармамад Мирмамадов дар  вазни +100 кг  ва Шоҳида Қаландарова дар вазни 57 кг қувваозмоӣ менамоянд.

Варзишгарони  тоҷикро  дар мусобиқаи мазкур   мураббӣ Муҳаммадмурод Абдураҳмонов ҳамроҳӣ мекунад.

Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиё дар намуди дзюдо 3 медали биринҷӣ дорад. 2 медалро паҳлавони шинохта Расул Боқиев (вазни 73 кг, Доҳа-2006, Гуанжоу-2010) ва  як медали дигарро Хайрулло Назриев (вазни  86 кг, Ҳирошима-1994) ба даст овардаанд.

АМИТ "Ховар"

Tags: