Варзишгарони тоҷик дар рӯзи ёздаҳуми 5-умин Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ соҳиби 6 медал – 3 нуқра ва 3 биринҷӣ шуданд.
Дар рӯзи ёздаҳуми мусобиқот медалҳои нуқраро аз намуди самбо Зафар Олимшоев дар вазни -82 кг, аз намуди кикбоксинг Зуҳро Холова дар вазни -52 кг ва Фарҳод Расулов дар вазни -74 кг сазовор шуданд. Се медали биринҷиро аз намуди самбо Нозимҷон Охиров дар вазни -62 кг, аз намуди гӯштини юнонӣ-римӣ Суҳроб Абдулҳаев дар вазни -80 кг ва Мирзоамин Сафаров дар вазни -98 кг ба даст оварданд.
Ёдовар мешавем, ки шумораи медалҳои Тоҷикистон ба 51 адад – 3 тилло, 14 нуқра ва 34 биринҷӣ расид. Тоҷикистон дар ҷадвали ҳисоби медалҳо аз рӯи сифат миёни 65 дастаи иштирокчӣ ҷои 17-умро ишғол намуда, аз рӯи шумораи медалҳо дар ҷои 8-ум қарор дорад.
Туркманистон бо 244 медал, аз ҷумла 89 тилло дар ҷои аввал аст. Чин, ки 93 медал, аз ҷумла 40 медали тилло ба даст овардааст, дар ҷои дуюм, Эрон бо 115 медал, аз ҷумла 34 медали тилло дар ҷои сеюм қарор доранд.
Дар маҷмӯъ, то имрӯз варзишгарони 36 даста (35 давлат) сазовори медали бозиҳо гардидаанд.