Шоми дирӯз ду бозии даври 13-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор гардид, ки дар ҳарду вохӯрӣ ғолиб муайян нагардид ва бозиҳо бо натиҷаи мусовӣ тамом шуданд. Се бозии дигаи даври мазкур имрӯз, 24 август доир мешаванд. Дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар майдони худ дастаи футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъро қабул мекунад, дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ба меҳмонии дастаи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан меравад, дастаи футболи «Хатлон» дар шаҳри Бохтар бо КМВА вомехӯрад. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Бозӣ миёни дастаҳои футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ ва «Душанбе-83»-и шаҳри Душанбе ҷолибу диданӣ ва сергол сурат гирифт. Дар дақиқаи 14-уми вохӯрӣ Элчибек Рашидбеков ба дарвозаи дастаи «Кӯктош» гол зада, ҳисоби рақобатро кушод.
Аз ҳайати дастаи футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ Холмурод Назаров як дақиқа пеш аз анҷоми қисмати аввали бозӣ ба задани голи ҷавобӣ даст ёфт. Бозингари дастаи «Кӯктош» Мбеке Диеудони дар дақиқаи 61-уми вохӯрӣ гол зада, соҳибони майдонро ба пеш баровард. Аммо пешсафии онҳо дер давом накард, зеро бо гузоштани 8 дақиқаи дигар Аъзам Муродов голи дуюми дастаи «Душанбе-83»-ро зада, ҳисобро баробар намуд.
Дар бозии дигар дастаҳои футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода ва «Локомотив-Помир»-и шаҳри Душанбе бо ҳам рақобат карданд. Сабқати ин дастаҳо хеле ҷолиб сурат гирифта, бо ҳисоби мусовии 0:0 анҷом ёфт.
Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 13-ум
«Кӯктош» – «Душанбе-83» – 2:2
Голҳо: Элчибек Рашидбеков, 14 (0:1). Холмурод Назаров, 44 (1:1). Мбеке Диеудони, 61 (2:1). Аъзам Муродов, 69 (2:2).
«Регар-ТадАЗ» – «Локомотив-Помир» – 0:0
АМИТ «Ховар»