Бо қарори Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти оператори низоми пардохтии BLIZKO қатъ карда шуд.
Иҷозатномаи оператори низоми пардохтии BLIZKO аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон моҳи апрели соли гузашта ба Бонки тиҷоратии байниминтақавии рушди алоқа ва иттилоот дода шуда буд, ки дар асоси аризаи хаттии иҷозатномадор бозхонд гардидааст.
Бонки миллии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки мутобиқи қарори мазкур Идораи низоми пардохт вазифадор гардид, ки дар Феҳристи операторони низоми пардохтӣ оид ба тағйироти мазкур сабти дахлдор ворид намояд.
Бояд тазаккур дод, ки фаъолияти оператори низоми пардохти BLIZKO мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ», «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ва «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон қатъ карда шуд.
АМИТ «Ховар»