«АЗ БОЗИИ БАЧАҲО ҚАНОАТМАНДАМ!». Чунин иброз намуд Зайниддин Раҳимов, сармураббии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол

Сармураббии дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон Зайниддин Раҳимов баъди ғалаба дар бозии 1/4-ниҳоии Чемпионати Осиё оид ба футбол бар дастаи мунтахаби Кореяи Шимолӣ бо ҳисоби 4:2 (1:1) , ки дастаи мунтахаби мамлакатро ба бозиҳои нимниҳоии Чемпионати Осиё ва ҳамчунин  ба бозиҳои финалии Чемпионати ҷаҳон-2019 баровард, дар нишасти матбуотӣ қаноатмандии худро аз бозии  дастпарваронаш чунин  баён кард: 

«Ман футболбозонро бо ин ғалабаашон табрик мегӯям. Мо вазифаи дар наздамон гузоштаро бо сари баланд иҷро кардем ва ба Чемпионати ҷаҳон-2019, ки дар Перу мегузарад, роҳхат гирифтем. Баъди ғалаба мо аз Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ номаи табрикотӣ гирифтем. Дар Тоҷикистон ҳама аз ғалабаи мо шоду масруранд. Даҳсолаҳо мо чунин дастовардро интизор будем. Ман аз ҳунарнамоии  бачаҳо қаноатмандам. Вазифаи дар қисми аввал ба дарвозаи ҳариф тӯб заданро бо сари баданд иҷро кардем. Аммо ин пешсафиро то ба анҷом нигоҳ дошта натавонистем. Онҳо дар натиҷа баъди силсилаи зарбаҳои 11-метра ба ғалаба комёб гардиданд».

Сармураббии дастаи мунтахаби Кореяи Шимолӣ Пак Ҷон Чол аз шикасти дастаи мунтахаби кишвараш дар вохӯрӣ бо дастаи мунтахаби Тоҷикистон таасуф хӯрда гуфт:

«Мо ба ғалаба наздик будем, аммо афсӯс мехурам, ки он насиби мо нагардид. Гумон доштем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз аксулҳуҷумҳо истифода мебарад, аммо хато кардем. Акнун мо ба Чемпионатҳои ҷаҳони оянда тайёрӣ мебинем».

Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон ва Кореяи Шимолӣ дирӯз дар бозии ¼-ниҳоии Чемпионати Осиё бо ҳам во хӯрда, натиҷаи баробарии 1:1-ро сазовор гаштанд. Дар задани силсилаи зарбаҳои пеналтии баъдибозӣ Тоҷкистон бо ҳисоби 4:2 ғолиб омад.

АМИТ «Ховар»

Tags: