Баррасии таҳкими заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии ду кишвар дар мулоқоти С. Аслов ва Э.Абдилдаев

15 сентябри соли равон дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Эрлан Абдилдаев баргузор гардид. 
Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили дурнамо ва рушди ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистонро дар соҳаҳои ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, делимитатсияи сарҳадӣ, инчунин таҳкими заминаи шартномавӣ-ҳуқуқӣ баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин С.Аслов ва Э.Абдилдаев доир ба вазъияти минтақа мубодилаи афкор намуда, таҳкими минбаъдаи ҳамкории ду кишварро муҳим арзёбӣ намуданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: