Барномаи рушди парвариши павловния дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028 таҳия ва тасдиқ гардид

Соли равон аз ҷониби Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди парвариши павловния дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» ва «Дар бораи таъсиси корхонаҳои воҳиди давлатии «Маркази таҳия ва амалисозии лоиҳаҳо» ва «Гурӯҳи ҷангалсозии Тоҷик»» тибқи тартиби муқарраргардида таҳия ва пешниҳод шуда, бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд.  

Гуфта шуд, ки дар Агентӣ ҷиҳати бо мақсади дар оянда амалӣ намудани истеҳсол ва коркарди чӯби корӣ оид ба парвариши дарахтони зудафзоишёбанда, аз ҷумла павловния корҳои омӯзишӣ мебарад.

«То ин давра дар 8 қитъаи пилотӣ дар шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Турсунзода, Панҷакент, Варзоб, Шаҳритус, Хуросон, Данғара ва Кӯшониён ба миқдори умумии зиёда аз 10 ҳазор бех ниҳолҳои павловния шинонида шуда, корҳои нигоҳубини ниҳолҳо дар асоси қоидаҳои агротехникӣ амалӣ мешаванд»,-гуфт директори агентӣ.

Тазаккур дода шуд, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти Агентӣ ва ташкилоту муассисаҳои системаи он- ин пешбурди корҳои бунёду барқароркунии ҷангалзор мансуб мешавад.

Дар доираи амалисолии «Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026», ки ҳадаф аз он нигоҳдории гуногунии биологӣ, барқароркунӣ, зиёд намудани масоҳату  маҳсулоти ҷангал маҳсуб мешавад, ба ҳолати 1 июли соли 2023 корҳои бунёд ва барқароркунии ҷангалзор ва бунёди плантатсияҳо дар майдони умумии 2458,6 гектар иҷро гардидааст. Аз он бунёди ҷангал 919,0 гектар, барқароркунии ҷангал 1498,6 гектар ва бунёди плантатсияҳои хуч, писта, чормағз ва дигар намуди дарахтон майдони 41 гектарро ташкил медиҳад.

Tags: