Барқияи тасаллияти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка Доналд Ҷон Трамп

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти  Иёлоти Муттаҳидаи Америка Доналд Ҷон Трамп барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари мудҳиши ҳалокат ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди шаҳрвандонро бар асари амали золимона дар шаҳри Лас-Вегаси Иёлоти Муттаҳидаи Америка бо андӯҳи бузург дарёфтам.

Ҳамдардиву тасаллияти амиқи хешро ба наздикони фавтидагон изҳор менамоям ва хоҳони шифои комили ҳамаи осебдидагон ҳастам».

АМИТ"ХОВАР"