Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбоев барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:
«Алмазбек Шаршенович,
Дар Тоҷикистон хабари фаромадани ярч дар вилояти Оши Қирғизистони дӯстро, ки боиси талафоти одамон гашт, бо эҳсоси андӯҳи амиқ дарёфтанд.
Хоҳишмандам тасаллиёти амиқи моро ба наздикону пайвандони дар натиҷаи ин фоҷиа ҳолокшуда расонед. Ба тамоми нафарони осебдида шифои комил таманно дорем».