Бадахшон барои муътадил гузаронидани давраи тирамоҳу зимистон омодагӣ дорад

Дар доираи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи сари  вақт  омода намудани  соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳру ноҳияҳои мамлакат барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи  тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021»  дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои  мамлакат дар миқёси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ корҳои муайян анҷом дода шуда, нақшаи захираи маводи асосии ғизоии босифат дар сардхонаҳо ва анборҳо ҷиҳати таъмини мунтазами аҳолӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар Муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» нақшаи солонаи захираи  маводи зидди лағжиш, сӯзишвории дизелӣ, ангишт ва ҳезум  тарҳрезӣ гардида,  захиракунии дигар маводи зарурӣ барои давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 идома дорад.

Барои амалӣ намудани  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари   вақт  омода намудани  соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи  тирамоҳу зимистони солҳои 2020- 2021» дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ситоди махсус таъсис дода шуд.

Муовини сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдои вилоят Хайрулло Соҳибназаров гуфт, ки “ҳоло дар ҳудуди вилоят  3 адад сардхона ва 29 анборхона бо ғунҷоиши 1457 тонна маводи ғизоӣ ба қабул ва нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар маҳсулоти  хӯрокворӣ омода шудаанд. Аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ 547 тонна орд, 8 тонна равған ва 22 тонна шакар захира шудааст. Ҳамчунин захиракунии меваю сабзавот ва картошка дар сардхонаҳо то охири моҳи сентябр идома меёбад”.

Соли равон Агентии мазкур дар ноҳияи Рӯшон анборхонаи муосир ва маркази хизматрасонӣ ифтитоҳ кард, ки моҳи августи имсол  дар ҳузури Пешвои миллат расман ба фаъолият оғоз карданд. Яке аз мақсадҳои дар ин ноҳия бунёд кардани анборхона-ин сари вақт интиқол додани бори барвақтии мавриди ниёзи аввал ба водии Бартанг мебошад. Зеро ин водӣ дар муқобили офатҳои табиӣ, ба мисли тармаву сел ва сангфарои хеле осебпазир буда, бо рух додани чунин ҳодисаҳо ҳафтаҳо роҳи мошингард баста мешавад. Аз ин рӯ қабл аз оғози мавсими боронгариҳо тамоми намудҳои маҳсулоти ғизоӣ дар ҳар як деҳаи ин водӣ захира мешавад ва то фасли баҳор сокинон аз ҳар гуна мушкилоти иҷтимоӣ дар канор мемонанд.

Ба гуфтаи сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдои вилоят Хайрулло Соҳибназаров, яке аз дигар мушкилие, ки сокинон ва муассисаҳои таълимию тандурустии деҳоти дурдаст бо он рӯ ба рӯ мешаванд, ин дастрасӣ ба ангиштсанг мебошад. Соли равон мутобиқи нақша, муассисаҳои иҷтимоӣ ба 7 ҳазор тонна ангиштсанг ниёз доранд. То имрӯз як миқдори муайяни ин намуди сӯзишворӣ захира шудааст.

Рӯзҳои наздик роҳи мошингард ба самти кони ангиштсанг, ки дар деҳаи Равноби ноҳияи Дарвоз ҷойгир аст, мавриди истифода қарор мегирад. Дар сурати ба кор андохтани ин кон ҳам дастрасӣ ба ангиштсанг осон мегардад ва ҳам нархи он коҳиш меёбад.

АМИТ «Ховар»

Tags: