БА ТАВАҶҶУҲИ МУСОФИРОН! Тоҷикистон парвозҳои байналмилалиро ба Аморати Муттаҳидаи Араб барқарор мекунад

Парвозҳои байналмилалии мунтазам байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аморати Муттаҳидаи Араб аз 21 июли соли 2020 барқарор карда мешаванд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавируси COVID-19 аксари давлатҳои дунё парвозҳои байналмилалии мунтазамро ба ва аз кишварҳои худ манъ каранд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавируси COVID-19 ва таъмини амнияти саломатии шаҳрвандони кишвар аз 20 марти соли 2020 парвозҳои байналмилалии мунтазам аз ва ба Тоҷикистон муваққатан то ба эътидол омадани вазъият манъ карда шуда буданд.

Таҳти роҳбарӣ ва назорати бевоситаи  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавируси COVID-19 чораҳои дахлдор андешида шуданд. Ба аҳолии кишвар мунтазам кумакҳои мақсаднок ва суроғавӣ расонда, табобатхонаҳо бо маводи лозимаи тиббӣ, доруворӣ ва хӯрока таъмин гардиданд, сатҳу сифати хизматрасонӣ ба беморон баланд бардошта шуд. Ҳамчунин шароити мусоиди хизматрасонӣ ба гирифторони ин беморӣ ва тақвият бахшидани тадбирҳои санитарию гигиенӣ миёни аҳолӣ ва марказҳои хизматрасонӣ таъмин гардид. Ҳаммаи ин чораҳои андешидашуда натиҷаҳои назаррас ба бор оварда, хуруҷи ин беморӣ ба эътидол омад.

Чораҳои андешидашудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ба эътидол овардани паҳншавии коронавируси COVID-19  имконият ба миён овард, ки давра ба давра парвозҳои байналмилалии мунтазам бо кишварҳое, ки дар доираи созишномаҳои мавҷуда ба онҳо парвозҳо амалӣ карда мешуд, барқарор карда шавад. Аз ҷумла, аз 21 июли соли 2020  парвозҳои байналмилалии мунтазам байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аморати Муттаҳидаи Араб дар хатсайри Душанбе-Дубай-Душанбе бо назардошти риояи талаботҳои санитарию эпидемиологӣ барқарор гардида, аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии «Fly Dubai» ва ҶДММ «Сомон Эйр» ҳафтае як маротибагӣ амалӣ карда мешаванд.

«Аз ин лиҳоз, мусофиронро зарур аст, ки бо назардошти вазъи эпидемиологӣ нисбат ба коронавируси COVID-19 талаботҳои пешбинишудаи ҷониби Аморати Муттаҳидаи Арабро, ки нисбати шаҳрвандони хориҷӣ муқаррар гардидааст, риоя намоянд», — таъкид намуданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳамзамон, бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории коронавируси COVID-19, эҳтимолияти воридшавии он ба Тоҷикистон нисбати мусофироне, ки ба ҷумҳурӣ ворид мешаванд, талаботҳои санитарию эпидемиологӣ бояд ҳатман риоя карда шаванд.

АМИТ «Ховар»

Tags: