Ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон Ифтихорномаи Вазири корҳои хориҷии Япония супорида шуд

Нимаи дуюми имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ҳузури роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони Сафорати Япония дар Тоҷикистон, варзишгарону устодон, намояндагони ВАО-и мамлакат маросими супоридани Ифтихорномаи Вазири корҳои хориҷии Япония ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон баргузор гардид. Зикр карда шуд, ки Ифтихорномаи фахрӣ ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон барои хизматҳои шоён дар рушди ин намуди варзиш, оммавӣ гардидани он дар миёни наврасону ҷавонон сазовор дониста шудааст.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар Тоҷикистон Ҳаҷимэ Китаока, ки Ифтихорномаро ба дабири кулли Федератсияи дзюдои Тоҷикистон Ширинҷон Маҳмадсафоев тақдим кард, дар суҳбат ба хабарнигори «Ховар» чунин изҳор намуд: «Ман ҳамагӣ 9 моҳ боз дар Тоҷикистон қарор дорам ва аз оммавӣ будани намуди варзиши дзюдо дар байни ҷавонону наврасони Тоҷикистон ҳамеша ба ваҷд меоям».
Муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қаҳрамони олимпӣ, варзишгари сатҳи ҷаҳонӣ Дилшод Назаров дар маросими супоридани Ифтихорномаи фахрӣ зикр кард: «Варзиш дар ҳама давру замон дар миёни миллату халқҳои гуногун мақоми хоссаро ишғол мекард. Маҳз дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи варзиш такони ҷиддӣ дода шуд ва мо варзишгарон имкон пайдо кардем, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок карда, бо гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ Ватану миллати худро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем».
Ширинҷон Маҳмадсафоев, дабири кулли Федератсияи дзюдои Тоҷикистон зикр кард, ки «Ифтихорномаи фахрии вазири корҳои хориҷии Япония нишонаи эътироф шудани нуфузи варзишгарони тоҷик дар сатҳи байналхалқӣ буда, он ҳамчунин аз муҳаббати тоҷикон ба варзиш шаҳодат медиҳад». Ифтихорномаи фахрӣ на танҳо ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон, ҳамчунин ба ҳамаи паҳлавонони Тоҷикистон тааллуқ дорад, — таъкид кард Ш. Маҳмадсафоев.
Хотиррасон мекунем, ки Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ҳанӯз соли 1972 таъсис ёфта, ҳоло узви фаъоли Федератсияи байналмилалии дзюдо мебошад. Варзишгарони дзюдои мамлакат дар мусобиқаҳои сатҳи баланд ширкат варзида, ба гирифтани нишонҳои олимпӣ мушарраф гардидаанд. Дар Тоҷикистон ҳоло зиёда аз 5 ҳазор ҷавонону наврасон ба ин намуди варзиш машғул мебошанд.
Пеш аз ин, соли 2015 Ифтихорномаи Вазири корҳои хориҷии Ҷопон ба Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода барои тавсеаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон тақдим шуда буд.

АМИТ «Ховар»

Tags: