Аз Паём то Паём: Солҳои минбаъда норасоии мутахассисони соҳаи тиб бартараф хоҳад шуд

20 январи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ зикр намуда буданд, ки «нарасидани мутахассисони соҳаи тиб дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба мушоҳида мерасад. Вазъи таъминот бо кадрҳои тиббӣ, хусусан дар вилояти Хатлон нигаронкунанда аст. Дар ин вилоят, ки аҳолиаш беш аз 3 миллион нафарро ташкил медиҳад, ба 10 ҳазор нафар аҳолӣ 11,3 нафар табиб рост меояд, ки дар муқоиса бо дигар вилояту шаҳрҳои кишварамон нишондиҳандаи хеле паст мебошад».
Дар робита ба ин хабарнигори АМИТ «Ховар» бо муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров оид ба ҳалли мушкилоте, ки дар Паём қайд гардида буд, ҳамсуҳбат гардид. Мавсуф чунин гуфт: «Аз он камбудиҳое, ки Пешвои миллат дар Паёмашон ироа доштанд, якеаш камбудии мутахассисони соҳаи тандурустӣ, махсусан дар вилояти Хатлон буд. Бинобар ин бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат дар шаҳраки Данғараи вилояти Хатлон 1 сентябри соли 2016 Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон довталабони нахустини худро қабул намуд».
Н. Ҷаъфаров зикр намуд, ки дар айни ҳол дар он ҷо 353 нафар донишҷӯ таҳсили илм дошта, аз ин ҳисоб 150 нафар аз ҳисоби буҷаи ҷумҳурӣ ва 203 нафар аз ҳисоби маблағҳои шартномавӣ таҳсил доранд.
«Ногуфта намонад, ки бо мақсади мустаҳкам кардани заминаи иқтидори кадрии соҳа, имсол Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино 1935 донишҷӯро ба таҳсил фаро гирифт, ки нисбат ба соли гузашта 400 нафар зиёдтар аст. Албатта, умедворем, ки дар солҳои минбаъда бо истифода аз иқтидорҳои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустӣ норасоии мутахассисони соҳаи тибб бартараф хоҳад шуд»,- зикр кард Н. Ҷаъфаров.

АМИТ «Ховар»

Tags: