Аз 17 то 26 август дар Тоҷикистон амалиёти «Бачаҳо» мегузарад

Вобаста ба оғоз гардидани соли хониши 2020-2021  аз 17 то 26 август дар қаламрави ҷумҳурӣ амалиёти «Бачаҳо» гузаронида мешавад. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии  ВКД амалиёти мазкурро  бо  мақсади  пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки кӯдакону наврасон, инчунин пешгирии қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ва тарғиби риояи талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ мегузаронад.

Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии  ВКД  аз ҳамаи ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш  менамояд, ки талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, махсусан суръати муқарраршудаи ҳаракатро риоя намоянд.

Аз 17 августи соли равон  дар ҳамаи мактабҳои таҳсилоти умумӣ дарс оғоз гардида,  дар кӯчаву роҳҳо гаштугузори кӯдакону наврасон зиёд мегардад. Аз ин рӯ, ронандагон бояд аз ҳарвақта дида, ҳангоми ҳаракат эҳтиёткор бошанд.

Ҳамчунин аз  падару модарон, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва мураббиёни муассисаҳои томактабӣ хоҳиш карда мешавад, ки ба кӯдакону наврасон қоидаҳои дурусти ҳаракат дар роҳро фаҳмонида, кӯдакону наврасонро дар роҳҳои мошингард беназорат нагузоранд, ҳаёт ва саломатии онҳоро ҳифз намоянд.

АМИТ «Ховар»

Tags: