Аз 1 январи соли 2020 маоши кормандони Донишгоҳ аз 10 то 30 фоиз баланд бардошта шуд, — иброз намуд Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Илҳом Амонзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ.
Ба зикри И.Амонзода, аз ҳисоби маблағҳои махсуси Донишгоҳ маоши докторони илм 30 фоиз, номзадони илм 25 фоиз, омӯзгони бе унвон ва дараҷаи илмӣ 10 фоиз зиёд карда шуд.
«Ба хотири дастгирии иҷтимоӣ ва беҳтар шудани вазъи зиндагии фаррошон маоши онҳоро 20 фоиз зиёд намудем, ҳарчанд ки зиёдшавии маоши кормандон аз 1 сентябри соли равон пешбинӣ шудааст. Дар баробари ин роҳбарияти Донишгоҳ кӯшиш мекунад маоши омӯзгоронеро, ки дорои дараҷа ва унвони илмӣ ҳастанд, соли 2021 низ боло бардорад»,- гуфт Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон.
Ҳамчунин номбурда зикр намуд, ки устодони Донишгоҳ соли гузашта дар озмунҳои дохилӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, соҳиби дастовардҳои назаррас гардиданд. Аз ҷумла Заррина Яминова дар озмуни “Беҳтарин ихтироъкори Тоҷикистон” иштирок намуда, аз ҷониби Ташкилоти патентии Авруосиёгӣ барои фаъолияти ихтироъкорӣ бо медали тиллои “Блинников В.И.” ва Холназар Иброгимов “Ихтироъкори беҳтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон” дониста шуда, аз ҷониби Ташкилоти умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ бо Медали WIPO -2019 сарфароз гардонида шуд.
Инчунин мудири кафедраи кимиё, дотсент Мавзуна Шарипова дар Озмуни байналмилалии занҳои ихтироъкор “KIWIE-2019”, ки 20-23 июни соли 2019 дар Ҷумҳурии Корея баргузор гардид, иштирок карда, сазовори Дипломи ҷойи фахрии III ва медали биринҷӣ дониста шуд.
АМИТ «Ховар»