«АНДАЛЕБ-2023». Дар шаҳри Турсунзода даври ноҳиявии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ доир шуд

25 июл дар шаҳри Турсунзода даври ноҳиявии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2023» доир шуд. 

Дар озмун аъзои ҳакамон ва роҳбарияти шаҳр иштирок намуда, пеш аз оғози фестивал ҳакамон бо намоиши ҳунарҳои дастии ҳунармандони шаҳри Турсунзода шинос шуданд. Яке аз шартҳои ин озмун баргузор намудани намоиши ҳунарҳои мардумӣ бо номи «Бозори ҳунар» буд, ки иштирокчиён маҳсулоти дастии худро ба намоиш гузоштанд.

Дар натиҷа аъзои ҳакамон ба намоишномаи  ҳунарие, ки ҳунармандони шаҳри Турсунзода омода намуда буданд, 111, 75 хол баҳо гузоштанд.

Бояд ёдовар шуд, ки Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2023» бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳо, анъана ва ҳунарҳои мардумӣ, ҷашну солгардҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 гузаронида шуд.

Мақсад аз баргузории он- намоиш додани дастовардҳои ҳунариву фарҳангии даврони соҳибистиқлолии мамлакат ва ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби бештари мардум ба фарҳангу ҳунар, баланд бардоштани нақши ансамблу гурӯҳҳои эҷодӣ дар раванди тарбияи ҷавонон ва наврасон, дарёфти чеҳраҳои нави санъаткор буда, аҳли фарҳанги ҷумҳурӣ тавассути озмун комёбиҳои фарҳангу ҳунари ҳар минтақаи мамлакатро бо тобишҳои рангини он манзури тамошобинон мегардонанд.

Tags: