Аморати муттаҳидаи Араб ба Тоҷикистон таҷҳизоти тиббӣ кумак намуд

27 май Аморати муттаҳидаи Араб ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ ва муборизаи саривақтӣ бар зидди  бемории сироятии коронавирус таҷҳизоти  тиббӣ кумак намуд.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон хабар доданд.

Кумаки башардӯстонаи  Аморати муттаҳидаи Араб дар ҳаҷми 10,7 тонна буда, он  аз маҳсулоти муҳофизатии тиббӣ, аз ҷумла хилъати тиббӣ, дастпӯшак, ниқоб, бахил, салфетка ва маҳлулҳои антисептикӣ иборат мебошад. Инчунин барои муайян кардани COVID-19 беш аз 20 ҳазор адад тест равон карда шудааст.

Кумаки мазкур дар шакли лавозимоти тиббӣ аз ҷониби Аморати муттаҳидаи Араб ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун нишонаи ҳамкорӣ ва бо мақсади таҳкими муборизаи муштарак бар зидди COVID-19 равона шуда, он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба беморхонаҳои ҷумҳурӣ  тақсим карда мешавад.

АМИТ «Ховар»

Tags: