«Амонатбонк» дар доираи иқдоми «Кишоварз-2021» ба деҳқонон қарзҳои имтиёзноки дарозмуҳлат пешниҳод менамояд

Бонки давлатии амонатгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» бо мақсади рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ дар мамлакат ба деҳқонону кишоварзони ҷумҳурӣ иқдоми пешниҳоди қарзҳои имтиёзнокро таҳти унвони «Кишоварз— 2021» роҳандозӣ намуд.

Аз Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳадафи иқдоми «Кишоварз-2021» ба татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат – таъмини амнияти озуқаворӣ дар мамлакат нигаронида шудааст.

-Иқдоми «Кишоварз-2021» қарзҳои имтиёзнокро бо фоизи пасту муҳлати дароз ба деҳқонону кишоварзони мамлакат пешниҳод менамояд. Мизоҷон метавонанд бо шартҳои имтиёзнок маблағҳои қарзиро аз 3 то 500 ҳазор сомонӣ  ва мутаносибан бо асъори хориҷӣ ба муҳлати аз 6 то 36 моҳ таҳти меъёри фоизи солонаи қарз бо пули миллӣ 18 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 8 фоиз дастрас намоянд. Меъёри фоизи моҳонаи қарз бо пули миллӣ 1,5 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 0,66 фоизро ташкил медиҳад,- иттилоъ медиҳад «Амонатбонк». Пешниҳоди қарз ба деҳқонуну кишоварзони мамлакат таҳти иқдоми «Кишоварз-2021» то 30 апрели соли 2021 идома меёбад.

АМИТ «Ховар»

Tags: