Амалиёти ниҳолшинонӣ дар қаламрави кишвар то 15 марти соли равон ҷараён мегирад

14 январи соли равон  бо иштироки ҷавонону омӯзгорон ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ  дар чор ноҳияи пойтахт 75 рӯзи ниҳолшинонии ҷавонон таҳти унвони «Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад» доир гардид.  Тавре аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  иттилоъ доданд,  дар  амалиёти мазкур дарахтони сояафкану ороишӣ шинонида шуданд.
Ба иттилои манбаъ, ин иқдом ба муносибати 20- солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Соли ҷавонон роҳандозӣ карда шуд.
Амалиёти ҷумҳуриявии 75 рӯзи ниҳолшинонии ҷавонон аз 1 январ то 15 марти соли равон дар қаламрави кишвар доир мегардад.

АМИТ "Ховар"

Tags: