Аҳолии шаҳри Кӯлоб бо гази табиӣ таъмин мегардад

Дар давоми нуҳ моҳи соли равон кормандони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Кӯлобгаз»ба аҳолӣ 526 ҳазор метри мукааб газ интиқол додаанд. Дар ин давра пардохти ҳаққи истифодаи газ аз ҷониби шаҳрвандон беҳтар гардида, аз тарафи кормандони техникӣ низ корҳои назаррас ба анҷом расонида шудаанд.
Қубурҳои газ солҳои тӯлонӣ таъмирталаб буда, як қисмашон корношоям гардида буданд. Ҳоло онҳо таъмир гардида, корҳои таъмирӣ қисман боқӣ мондаанд ва дар кӯчаҳои Шамсиддин Шоҳин, Сайфиддин Сангов, маҳаллаи Борбад ва як қисми кӯчаи Умари Хайём идома доранд.
Бо дастгирии соҳибкори маҳаллӣ Абдуғаффор Ҷалолов чоҳи рақами 5 коркард шуда, дар дарозии 7 километр қубурҳои газ барқарор гардонида, интиқоли газ ба роҳ монда шуд.
Ҳоло дар кӯчаи 1- уми май корҳои таъмирӣ дар марҳилаи анҷомёбӣ буда, рӯзҳои наздик интиқоли гази табиӣ дар назар аст.

Tags: