Дар асоси қарори ҷаласаи ХХVII Шӯрои кор бо ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки 16 октябри соли 2020 бо иштироки аъзои Шӯро ба таври фосилавӣ баргузор гардид, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода раиси Шӯрои кор бо ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2021 интихоб гардид. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши мамлакат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Қарори якдилонаро намояндагони мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи кор бо ҷавонони давлатҳои Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Молдова, Федератсияи Россия ва Кумитаи иҷроияи ИДМ дар заминаи таҷлили ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти назарраси Тоҷикистон дар доираи Шӯрои ИДМ қабул намуданд.
Ҳамзамон дар ҷаласаи мазкур 10 масъалаи дигари ҳамкории мақомоти соҳаи кор бо ҷавонони давлатҳои ИДМ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, вобаста ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки Шӯрои кор бо ҷавонони кишварҳои узви ИДМ дар асоси Созишномаи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон 25 ноябри соли 2005 таъсис ёфтааст.
АМИТ «Ховар»