5 август дар Душанбе иҷлосияи сеюми Маҷлиси миллӣ баргузор мегардад

5 августи соли равон дар шаҳри Душанбе иҷлосияи сеюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад.

Тавре аз дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар иҷлосия баррасии қонунҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо коррупсия», «Дар бораи сайёҳӣ», «Дар бораи суғуртаи ҳатмии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт», «Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» ва  як зумра қонунҳои дигар дар назар дошта шудааст.

АМИТ «Ховар»

Tags: