ТВТ.04.10.2022. Бо ташаббуси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «30 соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат» баргузор мегардад. Ҳамчунин тибқи нақшаи тасдиқгардидаи ҲХДТ доир намудани Фестивал – озмуни «Оини ватандорӣ», иқдоми идонаи «Як рӯзи ҳизбиён дар Қасри Арбоб», аёдати вакилони Иҷлосия ва ташкили вохӯрии се насл дар назар дошта шудааст, хабар дод роҳбари маркази матбуот ва таҳлилии дастгоҳи КИМ ҲХДТ Илҳомҷон Ҳамидиён ба АМИТ «Ховар».
Тибқи иттилои манбаъ, бо мақсади сазовор таҷлил намудани Иҷлосияи сарнавиштсози XVI Шӯрои Олӣ нақшаи чорабиниҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба тасвиб расид, ки аз 23 банд иборат мебошад. Ин чорабиниҳо сафарбар кардани гурӯҳҳои тиблиғотӣ аз ҳисоби аъзои кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо, иштирокчиёни Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва Шӯрои собиқадорони ҲХДТ оид ба тарғиби нақши Иҷлосия дар ҳаёти ҷомеа, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ омода ва насб намудани шиору овезаҳо бо навиштаҷот аз нуктаҳое, ки аз ин Иҷлосияи таърихӣ бармеоянд, нашри мақолаҳои таҳлилӣ ва назару андешаҳо, ташкил намудани мулоқот дар қисмҳои ҳарбӣ дар байни сарбозону афсарон, баргузор намудани ҳашарҳои дастҷамъона дар ташкилотҳои ибтидоӣ ва марказҳои шаҳру ноҳияҳо, доир намудани озмуни иншои беҳтарин байни донишҷӯёни донишгоҳҳу донашкадаҳо, коллеҷу омӯзишгоҳҳо ва хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимӣ таҳти унвони «Иҷлосияи XVI Шӯрои олӣ-наҷотбахши миллат»-ро дар бар мегиранд.
Ҳамчунин доир намудани форуми ҳизбиёни пойтахт таҳти унвони «Иҷлосияи сарнавишсоз» аз рӯйи бахшҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, намоиши китобҳои Пешвои миллат, боздид аз осорхонаю маконҳои таърихии шаҳри Душанбе пешбинӣ мешавад.
Ёдовар мешавем, ки ҷиҳати тарғибу ташвиқи аҳаммияти Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши он дар ташаккули давлатдории миллӣ, арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихиву беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баланд бардоштани эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ ва ҳувияти миллии ҷавонон дар доираи талаботи Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фармоиши дигари муовини якуми Раиси ҳизб Абдуҷаббор Азизӣ ба тасвиб расида буд, ки тибқи он аксияи ҷумҳуриявии “Албом-Эстафета” бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми кумитаҳои иҷроияи ҳизбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо доир гардида истодаанд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»