261 шаҳрванди Тоҷикистон аз Қазоқистон ба Ватан оварда шуданд

30 июл дар партави дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 261 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҷумҳурии Қазоқистон ба Ватан баргардонида шуданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ин шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бинобар баста будани марзҳо дар гузаргоҳи «Жибек Жоли»-и сарҳади давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон муваққатан дармонда буданд, бо нақлиёти автомобилӣ ба Ватан интиқол дода шуданд.

Бояд гуфт, ки аз 16 марти соли 2020 бинобар эълон гардидани вазъияти фавқулода дар Қазоқистон ва ҷорӣ шудани чораҳои маҳдудкунанда дар Ӯзбекистон бар асари ҳамагирии COVID-19 барои ворид шудан ба хоки ин ду кишвар маҳдудиятҳо ҷорӣ шудаанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: