16 апрел иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум доир мегардад

16 апрели соли равон дар шаҳри Душанбе иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад.

Дар ин бора қарори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи даъват намудани иҷлосияи шашуми  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум» ба тасвиб расид.

Тавре аз дастгоҳи Маҷлиси миллӣ  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум 16 апрели  соли 2021, соати 11:00 дар маҷлисгоҳи Маҷлиси миллӣ доир карда мешавад.

Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 апрели соли 2021 аз соати 08:00 то соати 17:00 ва 16 апрели соли 2021 аз соати 07:00 то 10:00 дар шуъбаи ташкилии дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта мешаванд.

Телефонҳо: 221-98-35, 221-12-47.

АМИТ «Ховар»

Tags: