10 феврал ҳавопаймои «Сомон Эйр» бо хатсайри санҷишӣ ва иштироки намояндагони сохторҳои авиатсионии Тоҷикистон ба Тошканд парвоз мекунад

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ифтитоҳи хатсайри нав ба самти Душанбе-Тошканд-Душанберо эълон намуд. 
Ширкати «Сомон Эйр» ният дорад, ки иҷрои парвозҳоро аз Душанбе ба пойтахти Ўзбекистон- шаҳри Тошканд дар мавсими зимистон ҳафтае як маротиба- рўзи душанбе ба роҳ монад. Интизор меравад, ки дар мавсими тобистон миқдори хатсайрҳо зиёд шуда, ҳафтае ду маротиба- рўзҳои душанбе ва панҷшанбе иҷро хоҳанд шуд. Кушодашавии хатсайри нав ба сокинони Тоҷикистон ва Ўзбекистон имкон медиҳад, ки сафари худро дар ин ду масир осонтар кунанд.
Интизор меравад, ки парвозҳои мунтазам 20 феврал шурӯъ гарданд. Вақти парвоз аз шаҳри Душанбе соати 10-00 рӯзона мебошад. Вақти парвоз аз шаҳри Тошканд соати 12-00 нисфирӯзӣ сурат мегирад. Парвоз 45 дақиқаро дарбар хоҳад гирифт.
Гуфта мешавад, ки 10 феврал ҳавопаймо бо хатсайри санҷишӣ ва иштироки намояндагони сохторҳои авиатсионии Тоҷикистон парвоз мекунад. Роҳбарияти ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ният доранд бо намояндагони фурудгоҳи шаҳри Тошканд ва ширкати ҳавопаймоии «Узбекистон Ҳаво Йуллари» музокирот намуда, тамоми масъалаҳои ташкилиро вобаста ба кушодани хатсайри мунтазам баррасӣ намоянд.
Феълан «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Хитой, Россия ва Қазоқистон бомуваффақият иҷро мекунад. Пойгоҳи ширкати ҳавопаймоӣ аз ҳавопаймоҳои навъи Боинг 737-300, -800 ва 900 иборат мебошад.

АМИТ «Ховар»

Tags: