Зулфия Давлатзода ва Вираҷ Сингх доир ба нашр ва тарҷумаи китобҳои адибони тоҷик ва ҳинд суҳбат намуданд

Имрӯз Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Сингх вохӯрӣ анҷом дод. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ҷонибҳо дар бораи нашр ва тарҷумаи китобҳои адибони тоҷик ва ҳинд, баргузории барномаҳои фарҳангӣ бо ҷалби санъаткорони ҳар ду давлат, табодули таҷриба байни муассисаҳои санъату ҳунар ва муассисаҳои таълимӣ суҳбат намуданд.

Сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон Вираҷ Сингх зимни суҳбат эҳтироми худро нисбат ба фарҳангу санъати тоҷик изҳор дошт.

Вазири фарҳанг Зулфия Давлатзода гуфт, ки халқи тоҷик ба санъату ҳунари мардуми ҳинд эҳтироми хосса дорад. Ӯ оид ба робитаҳои фарҳангии ду давлат ҳарф зада, ҷараёни муносибатҳои фарҳангиро мусбат арзёбӣ карда, изҳор дошт, ки минбаъд низ барои густариши ҳарчи бештари ҳамкории ду давлат  дар соҳаи фарҳанг ва санъат кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: