МАРОТИБАИ АВВАЛ ДАР ДАВЛАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Барномаи танзими Mozilla Firefox бо забони тоҷикӣ таҳия ва амалӣ гардид

Аз ҷониби мутахассисони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маротибаи аввал дар давлатҳои Осиёи Марказӣ барномаи кор бо Интернет ва сомонаҳо, яъне браузери нав (ҷустуҷӯгари нав) – Барномаи танзими Mozilla Firefox бо забони тоҷикӣ таҳия ва амалӣ шуд, ки он дар шабакаи Интернет ҷой дода шудаву фаъол мебошад. Дар ин хусус Раиси Кумита Олимҷон Муҳаммадҷонзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

«Забони тоҷикӣ, ки дар байни 190 забон дар даҳ ҷойи аввали забонҳои шабакаи интернетӣ қарор дорад, бо чунин барномаи интернетӣ неру ва тавонмандии воқеии худро дар ҷаҳон нишон дода, дар барномаҳои ҷаҳонӣ муаррифӣ мешавад. Мутахассисони барномасози Кумита беш аз 2 сол дар таҳияи Барномаи танзими Mozilla Firefox заҳмат кашида, ниҳоят ба комёбӣ муваффақ шуданд», -гуфт Раиси Кумита.

Гуфта шуд, ки фаъолият дар шабакаи интернетӣ ва сомонаҳо тариқи Барномаи танзими Mozilla Firefox, ки бо забони тоҷикӣ мебошад, мувофиқ ва осон буда, барои рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми нек ба шумор меравад

Tags: