Ёвон: ба 400 нафар хонандагони ятиму камбизоат либосҳои мактабию лавозимоти дарсӣ тақдим гардид

Бо мақсади таъмини хонандагон бо  либоси ягонаи мактабии истеҳсоли коргоҳҳои ватанӣ  82 адад муассисаҳои  таълимии ноҳияи Ёвон бо корхонаю коргоҳҳои дӯзандагии ҶСК «Бофандаи Норак», ҶСК «Раббонӣ» ва КВД «Маркази ҷавонон» шартномаи дутарафа баста, то имрӯз 13 ҳазору 273 нафар хонандагонро бо либоси мактабӣ таъмин намудаанд.

Тибқи иттилои сармутахассиси шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон Раҳматулло Зубайдов,  дар ин давра аз ҳисоби кумаки хайриявии  раиси ноҳия ба 400 нафар хонандагони ятиму аз оилаҳои камбизоат либосҳои мактабию лавозимоти дарсӣ тақдим намуданд. Аз ҳисоби коргоҳҳои  хурди муассисаҳои таълимӣ ва   миёнаи касбии ноҳия 552 нафар хонандагон  бо либоси мактабӣ таъмин гардиданд.

Масъулини шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон тасмим гирифтаанд, ки дар соли таҳсили 2017-2018  25 ҳазору 900 нафар хонандагонро дар асоси шартномаи тарафайн   бо либоси баландсифати мактабӣ таъмин намоянд. Инчунин бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ дар бозорҳои ноҳия ва мағозаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот фурӯши либосҳои ягонаи мактабӣ ва лавозимоти дарсӣ ба таври васеъ ба роҳ монда шудааст.

АМИТ "Ховар"