ВОРИСОНИ СИНО. Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ 50 корманди фаъоли соҳаи тиб қадрдонӣ гардид

Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба 50 нафар кормандони соҳаи тиб, ки дар ноҳия фаъолияти намунавӣ  доранд, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.  

Тазаккур дода шуд, ки соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон ба шумор рафта, дар даҳсолаи охир бомаром рушд намуда ва имрӯз ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст.

Таъкид шуд, ки давоми солҳои охир бо таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти олии мамлакат, хосса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ соҳаи тандурустии пойтахт ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Давоми сол шумораи зиёди кормандони соҳаи тандурустӣ аз даврҳои такмили ихтисос гузашта, корро бо муосиртарин дастгоҳҳои тиббӣ омӯхтанд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар сохтори тандурустии пойтахт дар айни замон 61 муассисаи табобатию пешгирӣ фаъолият менамоянд, ки инҳо 16 беморхона, 2 маркази дастгирии оила ва кӯдак, 15 маркази саломатии шаҳрӣ, 4 маркази стоматологӣ, 12 муассисаи соҳавӣ, 5 маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, 3 стансияи дезинфексионӣ ва 4 муассисаи ёрирасон мебошанд.

Дар 16 муассисаи табобатӣ  2779 кати муолиҷавӣ мавҷуд аст. Дар 2 маркази дастгирии оила ва кӯдак бо 200 кат кӯдакони бепарастор ва аз оилаҳои ниёзманди то 7-сола бистарӣ мешаванд. Аз ин шумора 919 катҳо терапевтӣ, 614 кати ҷарроҳӣ, 505 кати акушер-гинекологӣ ва 741 кат педиатрӣ мебошанд.

Ҳамзамон гуфта шуд, ки дар сохтори соҳаи тандурустии шаҳр дар давраи ҳисоботӣ 3664 нафар табибон ва 5954 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият доранд. Дар ин давра 572 нафар, аз ҷумла 221 нафар табибон ва 351 корманди миёнаи тиб дар муассисаҳои тандурустии пойтахт бо кор таъмин шудаанд.

Tags: