Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон бо олимпичиёни Аморати Муттаҳидаи Араб бозии дуюми таҷрибавӣ барпо менамояд

Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё-2020  дар  шаҳри Дубайи АМА бозии дуюми худро бо олимпичиёни ин кишвар барпо менамояд. Дар бозии аввал, ки 8 март барпо гардид, дастпарварони Усмон Тошев ғолиб гардиданд.

Вохӯрӣ  дар варзишгоҳи «Мактум Бин Рашид Ал-Мактум»-и  шаҳри Дубай  гузаронида шуда,  бо ҳисоби 1:0 ба нафъи дастаи олимпии Тоҷикистон  хотима ёфт. Тӯбро ҳамлагари дастаи «Истиқлол»-и Душанбе Шериддин Бобоев дар дақиқаи 18 –ум ба ҳадаф расонд. Дар дақиқаи 77 ба дарвозаи дастаи олимпии Тоҷикистон зарбаи пеналти таъйин шуд, ки онро дарвозабони даста  Шоҳрух Қирғизбоев баргардонд.

Бозии таҷрибавӣ

АМА (U-23) – Тоҷикистон (U-23) – 0:1
Гол: Шериддин Бобоев, 18.
Тоҷикистон: Шоҳрух Қирғизбоев, Табрези Давлатмир, Алишер Баротов, Зоир Ҷурабоев, Манучеҳр Сафаров, Кароматулло Саидов, Далер Ёдгоров (Шервонӣ Мабатшоев, 87), Муҳаммадҷон Раҳимов (Отабек Каримов, 66), Шарафҷон Солеҳов, Эҳсони Панҷшанбе, Шериддин Бобоев (Амирҷон Сафаров, 90).
8 март. Дубай. Варзишгоҳи «Мактум Бин Рашид Ал-Мактум». 50 мухлис.

11 март (душанбе)
Оғози бозӣ соати 18:40 бо вақти Душанбе
АМА (U-23) – Тоҷикистон (U-23)
Дубай, варзишгоҳи «Мактум Бин Рашид Ал-Мактум»

Ёдовар мешавем, ки ҷамъомади машқӣ дар Дубай барои дастаи  олимпии Тоҷикистон охирин марҳилаи омодагӣ ба бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё-2020 маҳсуб мешавад. Дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 дар гурӯҳи «F», ки 22-26 март дар Тошканд доир мешавад, дастаи мунтахаби олимпии мо бо дастаҳои Ҳиндустон (24 март) ва Ӯзбекистон (26 март) бозӣ мекунад. Тавре хабар дода будем, бо сабаби аз мусобиқа даст кашидани дастаи мунтахабаи олимпии Покистон тақвими баргузории бозиҳо тағйир ёфт.

Ҳайати дастаи мунтахабии олимпии Тоҷикистон дар вохӯриҳои таҷрибавӣ бо дастаи мунтахаби АМА чунин аст:

Дарвозабонҳо: Шоҳрух Қирғизбоев («Барқчӣ»), Фатҳулло Бобоев («Регар-ТадАЗ»);

Муҳофизатгарон: Алишер Холмуродов («Регар-ТадАЗ»), Табрези Давлатмир («Истиқлол»), Оятулло Сафаров, Доробҷон Эргашев, Манучеҳр Сафаров (ҳама аз КМВА «Помир»), Ҳусейн Нурматов, Алишер Баротов (ҳар ду  «Хатлон»), Зоир Ҷӯрабоев («Металлург», Ӯзбекистон);

Ниҳимоятгарон: Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов (ҳар ду аз «Истиқлол»), Кароматулло Саидов («Хатлон»), Сорбон Авғонов («Панҷшер»), Шервони Мабатшоев, Далер Ёдгоров, Шарафҷон Солеҳов (ҳам аз КМВА  «Помир»), Отабек Каримов («Истаравшан»), Саидмухтор Азимов («Барқчӣ»);

Ҳамлагарон: Шериддин Бобоев («Истиқлол»), Амирҷон Сафаров («Регар-ТадАЗ»), Тоҳир Малодустов («Барқчӣ»).

АМИТ «Ховар»