Вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Роҳбари навтаъйини намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ

27 майи соли 2020 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Роҳбари навтаъйини Намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (UNICEF) дар Тоҷикистон Усома Маккавиро ба ҳузур пазируфт.  Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни суҳбат мавзӯи пешгирии паҳншавии вируси нави COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид. Сироҷиддин Муҳриддин таҳвили саривақтии 64 тонна васоили муҳофизатии инфиродиро ба Тоҷикистон аз ҷониби UNICEF бо мақсади баланд бардоштани иқтидори бахши тандурустии мамлакат ҷиҳати вокуниш ба ин беморӣ муҳим арзёбӣ намуда, сипоси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои мусоидат ба он ҷониб расонид. Дар ин радиф, атрофи тадбирҳои банақшагирифташуда дар масъалаи таъмини пешгирии муассир ва мубориза бо бемории ҳамагир, омӯзондани кормандони соҳаи тиб, инчунин харидорӣ намудани таҷҳизоти тиббии зарурӣ барои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар мубориза бо COVID-19 мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар баробари мушкилоти COVID-19 инчунин масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва UNICEF, татбиқи лоиҳаҳои тарафайн дар мамлакат  ва дурнамои рушди ҳамкории муштарак мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Дар фарҷом Сироҷиддин Муҳриддин ба Роҳбари Намояндагии UNICEF дар Тоҷикистон ба муносибати оғози фаъолияташ комёбӣ орзу намуд.

АМИТ «Ховар»

Tags: