Дар Ҷамоати деҳоти Аличури ноҳияи Мурғоб меҳмонхонаи замонавӣ қомат афрохт

Дар Ҷамоати деҳоти Аличури ноҳияи Мурғоб боз як меҳмонхонаи дуошёнаи замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Соҳибкори маҳаллӣ Распай Асадманбеков  гуфт, ки «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чанд соли охир ба рушди деҳот аҳамияти хосса медиҳад ва барои беҳтар намудани инфрасохтори деҳот кумаки амалӣ мерасонад. Барои таҳияи ҳуҷҷатҳо ҷиҳати сохтмони ин  меҳмонхона каме бештар аз як ҳафта сарф кардам. Ҳама медонанд, ки ноҳияи мо аз маркази вилояту пойтахти ҷумҳурӣ дар масофаи дур ҷойгир аст ва дар интиқол додани масолеҳи бинокорӣ, бахусус дар фасли боронгарӣ бо мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб низ ин мушкилро эҳсос мекунад ва ба қадри имкон соҳибкоронро дастгирӣ менамояд».

Сардори Раёсати рушди иқтисоди вилоят Латиф Шоҳзодаев гуфт, ки «ҷамоати Аличур дарвозаи ноҳияи Мурғоб ба ҳисоб меравад ва меҳмонони ватанию сайёҳони хориҷӣ пас аз тай кардани роҳи тӯлонӣ маҳз дар ҳамин ҷамоат дам мегиранд. Барои пазироии меҳмонон дар ин ҷо зиёда аз 10 меҳмонхонаҳои хурд, ҳам дар шакли  хаймаи қирғизӣ ва ҳам хонаи урфии бадахшонӣ вуҷуд доранд, аммо сол аз сол  таваҷҷуҳи меҳмонону сайёҳони хориҷӣ ба ин ноҳияи баландкӯҳ бештар мегардад. Ин соҳибкорони маҳаллиро водор сохт, ки шумораи марказҳои хизматрасониро афзоиш диҳанд. Масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия низ муваззаф ҳастанд, ки ҳар иқдоми соҳибкорони маҳаллиро ҳаматарафа дастгирӣ намоянд.  Меҳмонхонаи мазкур аз дуошёна иборат буда, дорои ошхона, сарои мошин, шабакаи интернет ва дигар хизматрасониҳои муосир мебошад».

Ноҳияи Мурғоб дар баландии 3,5 ҳазор метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, яке аз нодиртарин маконҳои дидании Тоҷикистон ба шумор меравад. Камбуди шадиди оксиген яке аз хосиятҳои асосии ин ноҳия буда, меҳмонону сайёҳон барои сафар аз қабл омодагии комил мебинанд. Ҳайвоноти нодир, ба монанди гӯсфанди Марко Поло ва озодапаланг низ маҳз дар ҳамин ноҳия сукунат доранд.

АМИТ «Ховар»

 

Tags: