ВКД Федератсияи Россия қонуне таҳия мекунад, ки ба муҳоҷирон имкон медиҳад буду боши худро дар Россия қонунӣ гардонанд

Вазорати корҳои дохилии Россия лоиҳаи қонунеро таҳия мекунад, ки ба хориҷиён ва шахсони бешаҳрвандӣ имкон медиҳад, ки сарфи назар аз вайронкуниҳои мавҷуда тартибот ва будубоши худро дар кишвар қонунӣ гардонанд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора ба ТАСС аз маркази матбуоти ВКД дар посух ба дархости дахлдори агентӣ иттилоъ доданд.

«Лоиҳаи қонун тартиб ва шарти будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандиро, ки гирифтори ҳолатҳои хос шудаанд, муайян мекунад. Дар муқаррароти давраи гузариш ва ҷамъбастии он пешниҳод карда мешавад, ки имконоти ҳама шахсоне, ки то санаи эътибор пайдо кардани қонуни нави федералӣ дар Федератсияи Россия бо вайрон кардани талабот (қоидаҳои) муқарраршуда дар соҳаи муҳоҷират будубош доштанд, мустаҳкам карда шавад ва ба онҳо имкон дода шавад, ки дар муддати муайян вазъи ҳуқуқии худро танзим кунанд”, — гуфт ҳамсуҳбати агентӣ. Вай афзуд, ки нисбат ба ин шаҳрвандон чораҳои таъсиррасонии маъмурӣ татбиқ карда намешаванд ва чораҳои қаблан қабулшуда бекор карда мешаванд.

Дар ВКД хабар доданд, ки таҳияи лоиҳаи қонун дар доираи корҳои васеъмиқёс ҷиҳати ислоҳоти қонунгузории муҳоҷирати Федератсияи Россия дар асоси татбиқи Консепсияи сиёсати давлатии муҳоҷират сурат мегирад. Консепсияи лоиҳаи қонунро ҳукумат тасдиқ кардааст.

Вазъи ҳуқуқӣ ва шаҳодатномаҳои муваққатӣ

Дар вазорат илова намуданд, ки ҳоло дар сатҳи қонунгузорӣ дар Россия ниҳоди «афви муҳоҷират», ки ба ягон мақоми давлатӣ ё шахси мансабдор иҷозат бидиҳад, ки дар бораи вазъи ҳуқуқии хориҷиён тасмим бигирад, вуҷуд надорад. Дар ҳамин ҳол қонунҳое мавҷуданд, ки ба баъзе категорияҳои хориҷиён ва шахсони бешаҳрвандӣ имкон медиҳанд, ки мавқеи худро дар кишвар қонунӣ гардонанд. Масалан, тибқи қонун дар бораи шаҳрвандӣ, Президенти Федератсияи Россия метавонад бо мақсадҳои башардӯстона категорияҳои шахсонеро муайян кунад, ки ҳуқуқ доранд бо ариза барои дарёфти шаҳрвандии Россия муроҷиат кунанд. Инчунин дар санад муқаррар шудааст, ки категорияҳои муайяни шахсоне, ки муддати тӯлонӣ дар кишвар будубош доранд ва мақоми ҳуқуқии онҳо танзим нашудааст, метавонанд ба тариқи содакардашуда шаҳрвандии Россияро дарёфт намоянд.

«Ин категорияи шаҳрвандон барои вайрон кардани қоидаҳои вуруд ба Федератсияи Россия, реҷаи будубош (истиқомат), анҷоми ғайриқонунии фаъолияти меҳнатӣ ва ё вайрон кардани қоидаҳои муҳоҷират ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида намешаванд, агар ин вайронкуниҳо ҳангоми пешниҳод намудани аризаҳо аз ҷониби ин ашхос барои эътирофи онҳо ҳамчун шаҳрванди ФР ва қабули шаҳрвандии ФР ошкор шуда бошанд», — шарҳ доданд дар идора.

Илова бар ин, инчунин қонуне, ки додани шаҳодатномаҳои муваққатии шахсиро ба муҳлати даҳ сол барои шахсони бешаҳрвандӣ дар қаламрави Федератсияи Россия пешбинӣ мекунад, низ ба танзими мақоми ҳуқуқи хориҷиёне, ки дар қаламрави ФР будубош доранд, равона шудааст. Қонун 24 августи соли 2021 эътибор пайдо мекунад.

АМИТ «Ховар»

Tags: