Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон: барои довталабон давра ба давра пардохт намудани шартномаи таҳсил иҷозат дода мешавад

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид ва директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Икромӣ бо котибони масъули комиссияҳои қабули муассисаҳои таҳсилоти миёна,  олии касбии ҷумҳурӣоид ба қабули ҳуҷҷатҳои довталабон баъд аз тақсимоти Маркази миллии тестӣ ва қабули ҳуҷҷатҳои довталабон барои идомаи таҳсилот ва гирифтани маълумоти дуюм вохӯрӣ баргузор намуданд.   

Тавре аз Вазорати маоориф ва илми ҶТ хабар доданд,  дар вохӯрии мазкур масъалаҳои марбут ба   қабули довталабони тибқи квотаи Президентӣ роҳхатгирифта, зимни қабули ҳуҷҷатҳо роҳ надодан ба ҳолатҳои коррупсионӣ, риоя намудани одоби муошират бо довталабон ва амсоли инҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар вохӯрӣ Нуриддин Саид   иброз дошт,  ки қабули ҳуҷҷатҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ аз ҷониби котибони масъул ҳамарӯза аз соати 7:00-и субҳ оғоз ёфта, дар давоми рӯз дархости тамоми довталабон бояд қонеъ гардонида шавад. Инчунин, ба роҳбарони муассисаҳо ва котибони масъул дастур дода шуд, ки бо назардошти вазъияти молиявии довталабон, дар сурати надоштани имкони пардохти пурраи шартномаи таҳсил ба таври истисно барои давра ба давра пардохт намудани маблағи таҳсил қабули ҳуҷҷатҳо иҷозат дода шавад.

АМИТ "Ховар"