Варзоб: бунёди 112 иншоот ба шарафи ҷашни 30-солагии Истиқлолият бо дастгирии соҳибкорони ватанӣ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 270 иншоотро ба нақша гирифтааст, ки аз он 12 адад муассисаи таълимӣ, 4 муассисаи томактабӣ, 15 толори варзишӣ, 10 бунгоҳи тиббӣ, 11 коргоҳи дӯзандагӣ, 2 дорухона ва дигар намуди иншооти хизматрасонӣ мебошанд. То  имрӯз бо дастгирии соҳибкорони бонангу номуси ватанӣ 112 адад иншооти ба шарафи ин ҷашни миллӣ бунёдшаванда, аз қабили синфхонаҳои иловагӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, коргоҳҳои истеҳсолӣ, коргоҳҳои дӯзандагӣ, минтақаҳои истироҳатӣ ва майдончаҳои варзишӣ ба истифода дода шудаанд. Ҳоло сохтмони 71 адад иншооти ҷашнӣ босуръат идома дорад.

Дар ин бора раиси ноҳияи Варзоб Муҳаммадулло Шерализода  зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон  иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати амалӣ намудани  чораҳои эпидемикӣ барои пешгирии  интиқол ва пайдоиши  сирояти нави коронавирус дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳияи Варзоб 80 гурӯҳи корӣ бо теъдоди 480 нафар таъсис ёфта, ба таври доимӣ фаъолият менамоянд. Инчунин  аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ ба маблағи 710623 сомонӣ  маводи доруворӣ, антисептикӣ ва хӯрокӣ барои беморхонаи марказӣ, бунгоҳҳои саломатӣ, табибон ва оилаҳои ниёзманд дастрас карда шуд.

Зикр гардид, ки дар ноҳияи Варзоб мувофиқи ҳисоботи оморӣ 958  адад минтақаҳои истироҳатӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки аз он фаъолияти  65  минтақаи  истироҳатии оммавӣ  мавсимӣ буда,  фаъолияти як зумра иншооти муҳими сайёҳӣ,  ба монанди  минтақаҳои сайёҳии «Кохи Малика», «Ёвар», «Варзоб-Палас», «Гулобод», «Гули майда», ва  Маҷмааи  комплексии лижаронии «Сафеддара» доимӣ мебошад. Дар ин минтақаҳо барои қабули сайёҳони дохилию хориҷӣ  тамоми шароити замонавӣ фароҳам оварда шудааст.

Мувофиқи маълумоти оморӣ, дар 6 моҳи соли 2020 8018  нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ аз минтақаҳои истироҳатӣ ва мавзеъҳои таърихии ноҳия дидан намудаанд. Дар ин муддат аз ҳисоби хизматрасонӣ дар самти сайёҳӣ ба буҷети маҳаллӣ 546 857 сомонӣ маблағ ворид гардидааст.

АМИТ «Ховар»

Tags: