Варзишгарони тоҷик дар Теҳрон соҳиби 7 медал гардиданд

Дар рӯзҳои ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ, ки аз рӯи намуди каратэ-до дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид, иштирок намуда, зинаҳои ифтихориро касб намуданд. Онҳоро ҳангоми бозгашт ба Ватан дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе масъулини соҳа, хешону наздикон ва мухлисону ҳаводорон истиқбол гирифтанд.
Бояд зикр кард, ки мусобиқаи мазкур то 9 сентябр идома ёфт. Дар он варзишгарони зиёда аз 10 давлати ҷаҳон иштирок намуданд ва барои ба даст овардани медалҳо бо ҳам мубориза бурданд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ бо ба даст овардани 1 медали тилло, 2 нуқра ва 4 медали биринҷӣ сазовори мақоми 2-юм гардид.
Ёдовар мешавем, ки имсол варзиши каратэ-до шомили Бозиҳои тобистонаи олимпӣ гардид ва варзишгарони ин ришта дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020 метавонанд ширкат варзанд.

Tags: