Роҳбарии Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ба зиммаи Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода вогузор шуд

Мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2020, бо мақсади амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID — 19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ таъсис дода шуд. Роҳбарии ситод ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Коҳир Расулзода вогузор шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Тибқи банди дигари Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати ситоди ҷумҳуриявӣ, ки ба он роҳбарони тамоми вазорату идораҳои кишвар, Котиби Шӯрои амният, Прокурори генералӣ, роҳбарони  воҳидҳои сохтории  дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин роҳбарони «Барқи Тоҷик», «Тоҷикматлубот», ДДТТ ва дигарон шомиланд, тасдиқ гардид.

Сарвари давлат ба ситоди ҷумҳуриявӣ дастур доданд, ки нақшаи чорабиниҳоро оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти коронавируси нав таҳия ва тасдиқ карда, иҷрои онро таъмин намояд.

Тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода шуд, ки мутаносибан ситодҳои дохилиидоравӣ ва ситодҳои маҳаллиро барои пурзӯр намудани чораҳои санитарию зиддиэпидемикӣ таъсис диҳанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: